Иштирокчиёни мулоқоти 9-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ дар ҳузури Раҳмон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар Мулоқоти нуҳуми худ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамгироии пурсамар дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки “мо барои рушду густариши […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар Мулоқоти нуҳуми худ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамгироии пурсамар дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки “мо барои рушду густариши робитаҳои судбахш минбаъд низ ҷаҳду талош мекунем”.

Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки дар шароити нави геосиёсии ҷаҳонӣ таҳия ва қабули Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои то соли 2025 аҳамияти басо калон дорад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамгироии муштарак бар зидди падидаҳои терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир карда шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон таъкид гардид, ки ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя бояд бо саҳмгузории муштарак пурзӯр карда шавад.

Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳакории Шанхай аз ҷониби котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои ин созмон “муваффақу босамар” номида шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба омодасозии босифати кадрҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.