Баррасии масъалаи таъмини амният дар паҳнои «шашгона» дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон мулоқоти 9-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид, ки дар он котибони Шӯрои амнияти Қазоқистон – Кайрат Кожамжаров, Қирғизистон –  Бейшенбой Жунусов, Русия – Николай Патрушев, Тоҷикистон – Абдураҳим Қаҳҳоров, ҳамчунин узви Шӯрои давлатии Чин Го Шен Кун, муовини котиби Шӯрои амнияти Ӯзбекистон Шавкат Шокиров, […]

Пайрав Чоршанбиев



Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон мулоқоти 9-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид, ки дар он котибони Шӯрои амнияти Қазоқистон – Кайрат Кожамжаров, Қирғизистон –  Бейшенбой Жунусов, Русия – Николай Патрушев, Тоҷикистон – Абдураҳим Қаҳҳоров, ҳамчунин узви Шӯрои давлатии Чин Го Шен Кун, муовини котиби Шӯрои амнияти Ӯзбекистон Шавкат Шокиров, дабири кулли СҲШ Дмитрий Мезентсев ва директори Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Чжан Синфан ширкат варзиданд.

Зимни мулоқоти мазкур масоили таъмини амният дар паҳнои СҲШ бо назардошти вазъи тағйирёбанда дар минтақаҳои наздики он баррасӣ шуда, оид масоили таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар муборизаи муштарак бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва таъмини амнияти байнулмилалии иттилоотӣ табодули назар сурат гирифт.

Зикр гардид, ки вазъи муташанниҷи марбут ба мухолифатҳои сиёсӣ, мазҳабиву этникӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ дар кишварҳои шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва манотиқи наздик ба паҳнои СҲШ ба амнияти минтақавӣ ва глобалӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи танзими вазъ дар Афғонистон, таҳкими нақши муҳими ҳамоҳангсози СММ дар кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт ва ҳалли осоиштаи низоъ дар Сурия низ ибрози андеша карданд.

Якдилона таъкид гардид, ки ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба субот ва амнияти минтақа, солимӣ ва некӯаҳволии мардум хатари ҷиддӣ дошта, аз ин рӯ, ба татбиқи амалии асноди дар доираи СҲШ баимзорасида дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар омодагӣ изҳор шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот протокол ба имзо расида, ҷонибҳо дар бораи баргузор гардидани мулоқоти 10-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ соли 2015 дар шаҳри Маскав тавофуқ ҳосил карданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.