Баррасии ҷузъиёти сафари расмии Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон дар Ашқобод



Рӯзи 16-уми апрел дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар Ашқобод машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Туркманистгону Тоҷикистон доир гардиданд. Дар ин машварат Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ кард.

Бино ба иттилои ВКХ Туркманистон, дар мулоқот сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимоди ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба таъкид гардид.

««Зимни машваратҳои баргузоршуда дар фазои ҳусни тафоҳум ҷонибҳо ба масъалаи сафари расмии пешбинишудаи Гурбангули Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин ҳошия зарурати таҳкими минбаъдаи муколамаҳои сиёсӣ дар сатҳи олиро таъкид доштанд», – гуфта мешавад дар сомонаи ВКХ Туркманистон.

Зимнан зикр мегардад, дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин масъалаҳои тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла ҳамкориҳои ояндадори дуҷониба дар бахши нақлиёт дар партави амалисозии Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон низ муфассал баррасӣ шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное