Баррасии ҷузъиёти сафари расмии Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон дар Ашқобод

Рӯзи 16-уми апрел дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар Ашқобод машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Туркманистгону Тоҷикистон доир гардиданд. Дар ин машварат Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ кард. Бино ба иттилои ВКХ Туркманистон, дар мулоқот сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимоди ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба таъкид гардид. ««Зимни машваратҳои баргузоршуда […]

Пайрав Чоршанбиев



Рӯзи 16-уми апрел дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар Ашқобод машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Туркманистгону Тоҷикистон доир гардиданд. Дар ин машварат Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ кард.

Бино ба иттилои ВКХ Туркманистон, дар мулоқот сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимоди ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба таъкид гардид.

««Зимни машваратҳои баргузоршуда дар фазои ҳусни тафоҳум ҷонибҳо ба масъалаи сафари расмии пешбинишудаи Гурбангули Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин ҳошия зарурати таҳкими минбаъдаи муколамаҳои сиёсӣ дар сатҳи олиро таъкид доштанд», – гуфта мешавад дар сомонаи ВКХ Туркманистон.

Зимнан зикр мегардад, дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин масъалаҳои тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла ҳамкориҳои ояндадори дуҷониба дар бахши нақлиёт дар партави амалисозии Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон низ муфассал баррасӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.