Ҷаримабандии омӯзгор барои ба дарсҳо ҳозир нашудани толибилмон

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои ба дарсҳо ҳозир нашудани хонандагон омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62-ро ба маблағи 60 сомонӣ ҷарима кард. Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ғайрат Сангинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки омӯзгори ин мактаб Маҳбуба Низомова меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон»-ро […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои ба дарсҳо ҳозир нашудани хонандагон омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62-ро ба маблағи 60 сомонӣ ҷарима кард.

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ғайрат Сангинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки омӯзгори ин мактаб Маҳбуба Низомова меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон»-ро риоя накарда, мутобиқи моддаи 12-и қонуни мазкур, зимни аз ҷониби волидайни хонандагон риоя нашудани қоидаву тартибот ва меъёрҳои оинномаи муассисаи таълимӣ ва назорати риояи он аз ҷониби фарзандони онҳо, ӯ мебоист ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекард.

«Маҳбуба Низомова, роҳбари сифни 7-ум, ки дар он толибилмон М.Холзода, Ш.Бобоева ва У.Миров таҳсил мекунанду дар давраи аз 1 уми сентябр то 30-юми декабри соли 2013 ҳар кадоме дар алоҳидагӣ аз 65 то 108 соат бидуни сабаби узрнок дар дарсҳо (дар маҷмӯъ дар 353 соати дарсӣ) ҳузур надоштаанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бора муроҷиат накард», – гуфт Сангинов.

Ӯ зикр кард, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дастрасии моддаи 90-и Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ Маҳбуба Низомоваро дар ҳаҷми 1,5 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 60 сомонӣ ҷаримабандӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.