Қарзи бонки Русия ба ширкати «Санги дарё» барои таҳвили битум

Бонки «Новикомбанк»-и Русия ба ҶДММ «Санги дарё»-и Тоҷикистон ҷиҳати таҳвили битум аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 390 ҳазор рубли русӣ қарз дод. Бино ба маълумоти сомонаи расмии «Новикомбонк», таҳвили битум барои роҳ ба Тоҷикистонро ООО «Энергоойл» таҳти таъмини суғуртавии Агентии суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва сармоягузории Русия (ЭКСАР) маблағгузорӣ мекунад. Ба иттилои манбаъ, амалисозии муомилоти […]



Бонки «Новикомбанк»-и Русия ба ҶДММ «Санги дарё»-и Тоҷикистон ҷиҳати таҳвили битум аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 390 ҳазор рубли русӣ қарз дод.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии «Новикомбонк», таҳвили битум барои роҳ ба Тоҷикистонро ООО «Энергоойл» таҳти таъмини суғуртавии Агентии суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва сармоягузории Русия (ЭКСАР) маблағгузорӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, амалисозии муомилоти мазкур бо истифода аз механизмҳои муосири дастгирии молиявии содироти маҳсулоти саноатии Русия, ки аз ҷониби ЭКСАР сурат мегирад, ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо мусоидат намуда, ба пурсамар гардидани низоми комплексии маблағгузорӣ ва дастгирии содироти ватанӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Новикомбанк» соли 1993 таъсис дода шуда, 17,6%-и сармояи оинномавии он ба Корпоратсияи давлатии «Ростех» мансуб аст.

Агентии суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва сармоягузории Русия (ЭКСАР) соли 2011 дар шакли Ҷамъияти саҳҳомии кушода таъсис ёфта, саҳҳоми ягонаи он «Внешэкономбанк»-и Русия мебошад. Ҳаҷми сармояи оинномавии Агентии мазкур 30 млрд. рубли русиро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Санги дарё» моҳи апрели соли 2010 таъсис дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.