Ташрифи як гурӯҳи коршиносони ХБА ба Тоҷикистон

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо гурӯҳи коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари гурӯҳ Димитар Радев дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои баргузор кардани арзёбии ислоҳоти ҷорӣ ва пешравии бадастомада дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва ҳамчунин минбаъд амалисозии лоиҳаву барномаҳои пешбинишударо баррасӣ карданд. Роҳбари […]



Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо гурӯҳи коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари гурӯҳ Димитар Радев дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои баргузор кардани арзёбии ислоҳоти ҷорӣ ва пешравии бадастомада дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва ҳамчунин минбаъд амалисозии лоиҳаву барномаҳои пешбинишударо баррасӣ карданд.

Роҳбари гурӯҳи коршиносони ХБА доир ба ҳадаф ва вазифаҳои гурӯҳ ибрози андеша намуда, таклифу тавсияҳои худро пешниҳод кардааст.

«Ҳамзамон гурӯҳ ният дорад, ки самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистонро бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молияи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳад», – гуфта мешавад дар иттилои Вазорати молия.

Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтушунид вазири молияи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки давоми ҳамкорӣ бо ХБА, бахусус дар масъалаи роҳандозии ислоҳот дар бахшҳои молияи Тоҷикистон, пешравиҳои зиёде ба даст омадаанд.

Ҳамчунин А.Қурбонов изҳори итминон кардааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманд бо Хазинаи байнулмилалии асъор густариш хоҳанд ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.