Дар Душанбе маҷмааи байнулмилалии намоишгоҳӣ сохта мешавад

Ширкати Beijing Jichuang Combined Gas Meter Co., Ltd. –и Чин ният дорад, ки дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муосири баргузории намоишгоҳҳо бунёд созад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар мулоқоти раиси Палата Шариф Саид бо президенти ин ширкати Чин Сен Янг Шенги масъалаҳои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии маҷмааи мазкур баррасӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати Beijing Jichuang Combined Gas Meter Co., Ltd. –и Чин ният дорад, ки дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муосири баргузории намоишгоҳҳо бунёд созад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар мулоқоти раиси Палата Шариф Саид бо президенти ин ширкати Чин Сен Янг Шенги масъалаҳои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии маҷмааи мазкур баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқот Шариф Саид изҳор доштааст, ки сохтмони маҷмааи баргузории намоишгоҳҳо дар Душанбе бо тамоми зербинои зарурӣ ба ҷалби сармоягузориҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаву барномаҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд. «Ӯ ба ҷониби Чин тарҳи лоиҳа ва нақшаи сохтмон дар қитъа ва тадбирҳои таъмини қаламрави сохтмон бо иншооти муҳандисиву нақлиётиро пешниҳод кард», – хабар медиҳад ПСС ҶТ.

Сен Янг Шенги пешниҳод намудааст, ки барои тасмими ниҳоӣ гирифтан ба сохтмони маҷмаа созишномаи дуҷониба дар бораи ҳамкорӣ ва омӯзиши муфассали ҷанбаҳои масоили фаннии сохтмон ба имзо расонида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.