Меҳмонхона, ҳавлирӯб, мактаб ва омӯзгори беҳтарини Душанбе муайян шуданд

Ба муносибати солгарди навбатии пойтахти Тоҷикистон эълон шудани шаҳри Душанбе натиҷаҳои як қатор озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст шуданд. Ҳамин тариқ, меҳмонхонаи беҳтарин – «Тоҷикистон», тарабхонаи беҳтарин – «Шом-7», ошхонаи беҳтарин – «Дидор-20» дониста шуданд. Раиси пойтахт дастур дод, ки ғолибон бо ифтихорномаи мақомоти шаҳрдорӣ ва ҷоми ифтихории ғолиб қадрдонӣ карда шаванд. Маҳаллаи «Яккачинор» ғолиби озмуни «Беҳтарин […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Ба муносибати солгарди навбатии пойтахти Тоҷикистон эълон шудани шаҳри Душанбе натиҷаҳои як қатор озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст шуданд.

Ҳамин тариқ, меҳмонхонаи беҳтарин – «Тоҷикистон», тарабхонаи беҳтарин – «Шом-7», ошхонаи беҳтарин – «Дидор-20» дониста шуданд. Раиси пойтахт дастур дод, ки ғолибон бо ифтихорномаи мақомоти шаҳрдорӣ ва ҷоми ифтихории ғолиб қадрдонӣ карда шаванд.

Маҳаллаи «Яккачинор» ғолиби озмуни «Беҳтарин намоиши наврӯзии маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт» эълон гардида, бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадронӣ мегардад. Бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ-347, ноҳияи Шоҳмансур «Беҳтарин манзили пойтахт» дониста шуда, ба соҳибмулкони хона диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ тақдим карда мешавад.

Саида Халилова, корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» эътирооф шуда, бо диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» қадрдонӣ карда мешавад.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 49  ноҳияи Фирдавсӣ ғолиби озмуни «Мактаби сол-2013» дониста шуда, бо як хонаи сеҳуҷрагӣ қадронӣ мешавад. Директори гимназияи № 2 барои хонандагони  болаёқати  шаҳри Душанбе  Зиёдулло Абдулов дар озмуни «Директори сол-2013» ғолиб омада, бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №15 ноҳияи Шоҳмансур Саида Ғафорова ғолиби озмуни «Муаллими сол-2013» эътироф гардида, бо 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадр карда мешавад.

Ғолиби  озмуни  «Синфи  беҳтарини  сол-2013» –  коллективи синфи 9 «в» гимназияи  № 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  роҳбари ҳамин синф  Муҳаммадиев Сайдалӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор)  сомонӣ ,  сардори синф  Зуҳурбеки Зуҳур  500 (панҷсад)  сомонӣ ,  27 (бисту ҳафт) нафар хонандаи синф ҳар кадоме дар ҳаҷми  400 (чорсад)  сомонӣ   бо мукофотпулӣ сарфароз  гардонида мешаванд.

Ҳамчунин дар доираи озмунҳо «Кӯдакистони сол -2013», «Мудири кӯдакистони сол-2013», «Волидайни беҳтарини сол-2013» ва ғайра низ муайян карда шуданд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ният дорад, ки дар остонаи таҷлили ҷашни пойтахт ҷоизаву мукофотпулиҳоро ба ғолибон тақдим намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.