Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Санкт-Петербург раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин ва раиси палати поёнии парлумони Қазоқистон Кабибулло Ҷакупов дидору гуфтушунид кард.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот бо Сергей Наришкин масоили тақвияти сатҳи равобити Душанбеву Маскав дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба таҳияи қонунҳо дар бораи ҳифзи сармоягузорӣ ва тасдиқи қарордоду созишномаҳо табодули назар намуда, сатҳи ҳамкории кунуниро баланд арзёбӣ намуданд ва густариши минбаъдаи ин муносибатҳоро таъкид доштанд.
Дар фарҷоми мулоқот Сергей Наришкин аз Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ аз Маскав боздид намояд.
Ҳамчунин имрӯз Шукурҷон Зуҳуров бо раиси палатаи поёнии парлумони Қазоқистон Кабибулло Ҷакупов низ мулоқот орост. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши қонунофарӣ ва робитаҳои дуҷонибаи иҷтимоиву иқтисодиро баррасӣ карданд.
Дар ин мулоқот зикр гардид, ки миёни Тоҷикистону Қазоқистон 70 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки ин санадҳо заминаи муносиботи гуногунсоҳаи Душанбе ва Остонаро тақвият мебахшанд. Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 40 корхонаҳои муштарак бо Қазоқистон фаъолият мекунанд.
Акс аз АМИТ «Ховар».



