Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангсози СММ-ро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо баррасӣ шуд. Александр Зуев доир ба […]



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо баррасӣ шуд.

Александр Зуев доир ба натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соли 2013 ва нақшаҳо барои соли равон гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки бунёди озмоишгоҳи инноватсионии бемориҳои сироятӣ ва се шифохонаи бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи маориф ва идомаи безарарсозии мина ва дигар моддаҳои тарканда, ки дар гӯшаҳои алоҳидаи Тоҷикистон аз замони муноқишаҳои дохилӣ боқӣ мондаанд, аз натиҷаҳои асосии ҳамкории муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон аст.

Тавре зикр гардид, тавассути роҳандозии усулу василаҳои нави безаргардонии моддаҳои тарканда дар соли 2013 он қадар аз ин мавод безарар гардидааст, ки нисбат ба 8 соли пешин 40% зиёд аст.

Ба нақши Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба об баҳои баланд дода шуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки оянда низ ҳамгироии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид пурсамар хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.