Наришкин Зуҳуровро ба Маскав даъват кард

Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Санкт-Петербург раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин ва раиси палати поёнии парлумони Қазоқистон Кабибулло  Ҷакупов дидору гуфтушунид кард. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот бо Сергей Наришкин масоили тақвияти  сатҳи равобити Душанбеву Маскав […]



Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Санкт-Петербург раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин ва раиси палати поёнии парлумони Қазоқистон Кабибулло  Ҷакупов дидору гуфтушунид кард.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот бо Сергей Наришкин масоили тақвияти  сатҳи равобити Душанбеву Маскав дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба таҳияи қонунҳо дар бораи ҳифзи сармоягузорӣ ва тасдиқи қарордоду созишномаҳо табодули назар намуда, сатҳи ҳамкории кунуниро баланд арзёбӣ намуданд ва густариши минбаъдаи ин муносибатҳоро таъкид доштанд.

Дар фарҷоми мулоқот Сергей Наришкин  аз Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ аз Маскав боздид намояд.

Ҳамчунин имрӯз Шукурҷон Зуҳуров бо раиси палатаи поёнии парлумони Қазоқистон Кабибулло  Ҷакупов низ мулоқот орост. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши қонунофарӣ ва робитаҳои дуҷонибаи иҷтимоиву иқтисодиро баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот зикр гардид, ки миёни Тоҷикистону Қазоқистон 70 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки ин санадҳо заминаи муносиботи гуногунсоҳаи Душанбе ва Остонаро тақвият мебахшанд. Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 40 корхонаҳои муштарак бо Қазоқистон фаъолият мекунанд.


Акс аз АМИТ «Ховар».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.