Рӯзи 18-уми апрел дар Душанбе байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, Ёддоштро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири амнияти ҷамиятии Чин Го Шенкун, ки имрӯзҳо бо сафари расмии дар Тоҷикистон қарор дорад, ба имзо расониданд.
«Мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро наметавон беҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои сохторҳои дигар давлатҳо аз байн бурд, гуфт зимни мулоқот Раҳимзода. – Дар ин самт Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин яке аз сохторҳои пурқувват ва пешрафта маҳсуб ёфта, мо итминони комил дорем, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон шарики боэътимод хоҳад буд».
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза, мубодилаи иттилоот ва пешгирии ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.



