Тавсияи БҶ ба Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши сармоягузориҳои хусусӣ

Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, сарфи назар аз рушди устувор дар соли 2013 ба андозаи 7,4%, ки асосан ба туфайли интиқоли маблағҳои рекордии пулӣ ба даст омад, иқтисоди Тоҷикистон ба таъсирҳои беруна осебпазир боқӣ мемонад ва бидуни роҳандозии ислоҳоти фаъоли сохторӣ дар дурнамои миёнамуҳлат коҳиши суръати рушди иқтисодӣ ба мушоҳида хоҳад расид. «Ба туфайли интиқоли ҳаҷми […]

Заррина Эргашева



Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, сарфи назар аз рушди устувор дар соли 2013 ба андозаи 7,4%, ки асосан ба туфайли интиқоли маблағҳои рекордии пулӣ ба даст омад, иқтисоди Тоҷикистон ба таъсирҳои беруна осебпазир боқӣ мемонад ва бидуни роҳандозии ислоҳоти фаъоли сохторӣ дар дурнамои миёнамуҳлат коҳиши суръати рушди иқтисодӣ ба мушоҳида хоҳад расид.

«Ба туфайли интиқоли ҳаҷми зиёди маблағҳои пулӣ ба кишвар бахши хизматгузорӣ бузургтарин соҳаи иқтисод боқӣ монда, ҳамчунин ба туфайли нархҳои устувор ба маҳсулоти ғизойӣ ва устувории қурби асъор, мизони таваррум дар сатҳи рекордии 3,7% қарор гирифт, вале бинобар сабаби талаботи нокофӣ дар бозори беруна ва коҳиши нархи алюминий ва нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон ба таъсирҳои беруна осебпазир боқӣ монда, ин ҳолат ба ҳаҷми содирот низ таъсири манфӣ гузошт», – қайд мекунанд муаллифони гузориш.

Гуфта мешавад, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар, ки соли 2013 ба нишондиҳандаи рекордии 4,1 млрд. доллари ИМА расид, ба истеъмол таъсири мусбат, вале ба муҳити тиҷорат таъсири манфӣ расонида, заъифии миёнаравии молиявӣ ва сатҳи пасти эътимод ба бахши бонкӣ ҷиҳати ба сармоягузорӣ табдил додани онҳо имкон надоданд.

Муаллифони гузориш ба хулосае расидаанд, ки ҳукумати Тоҷикистонро роҳандозии муҳаррики нави рушди ба сармоягузории хусусии ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ асосёфта зарур аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.