Вохӯрии аъзои Шабакаи ТҒД Осиёи Марказӣ CANDY

Аз 21 то 22 апрели 2014 сол дар меҳмонхонаи курортии «Иссиқ-кӯл Аврора», деҳаи Комсомоли вилояти Иссиқ-кӯли Ҷумҳурии Қирғизистон, вохӯрии аъзоёни шабакаи ТҒД Осиёи Марказӣ “CANDY” баргузор мегардад. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи […]

ASIA-Plus



Аз 21 то 22 апрели 2014 сол дар меҳмонхонаи курортии «Иссиқ-кӯл Аврора», деҳаи Комсомоли вилояти Иссиқ-кӯли Ҷумҳурии Қирғизистон, вохӯрии аъзоёни шабакаи ТҒД Осиёи Марказӣ “CANDY” баргузор мегардад.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ», ки дар доираи барномаи «Осиёи Марказӣ – Инвест III» – и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, ташкил карда мешавад.

Шабакаи ТҒД дар Осиёи Марказӣ “CANDY” – иттиҳодияи ихтиёрии ғайрирасмии Ташкилотҳои ғайритиҷоратии ғайриҳукуматӣ буда, ташкилоти кушод, ҷамъиятӣ, ғайрисиёсӣ ва ғайридаромад мебошад. Номи пурраи Шабака – “Шабакаи ТҒД Осиёи Марказӣ – CANDY”, номи мухтасар – “CANDY” мебошад

Аз соли 2012 инҷониб Шабака аз тарафи ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International (HWA) дастгирӣ карда мешавад.

Мақсади баргузории вохӯрӣ – муҳокимаи натиҷаҳои бадастовардаи фаъолияти Шабака ва коркарди тавсияҳо ва пешниҳодот оиди ривоҷ додан ба фаъолияти Шабака мебошад.

Дар вохӯрӣ намояндагони ташкилотҳои Осиёи Марказӣ, ки расман дар кишварҳои худ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, дар татбиқи мақсад ва вазифаҳои Шабака ҳавасманд мебошанд, ширкат меварзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.