Душанбе Рӯзи пойтахтро ҷашн мегирад

Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт имрӯз дар шаҳри Душанбе ниммарафони панҷуми анъанавии байнулмилалӣ доир мегардад. Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани ниммарафони байнулмилалӣ аз буҷети шаҳр беш аз 220 ҳазор сомонӣ  (зиёда аз 40 ҳазор $) маблағ ҷудо шудааст. Тибқи қарори раиси пойтахт, дувоздаҳ нафар ғолибони мусобиқа – […]

ASIA-Plus



Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт имрӯз дар шаҳри Душанбе ниммарафони панҷуми анъанавии байнулмилалӣ доир мегардад.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани ниммарафони байнулмилалӣ аз буҷети шаҳр беш аз 220 ҳазор сомонӣ  (зиёда аз 40 ҳазор $) маблағ ҷудо шудааст.

Тибқи қарори раиси пойтахт, дувоздаҳ нафар ғолибони мусобиқа – 6 нафар мардон ва 6 нафар занонро мукофотҳои пулӣ интизор аст. Ғолибони ниммарафон ҳам миёни мардону ҳам миёни занон бо 3,5 ҳазор $, соҳибони зинаи дуюм – 3 ҳазор $, сеюм – 2,5 ҳазор $, чорум – 2 ҳазор $, панҷум – 1,8 ҳазор ва шашум бо 1,5 ҳазор $ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Иштирокчиёни синнусоли 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10-12-сола дар масофаи – 5 км, 12-15-сола – 8 км ва синнусоли аз 15-сола боло дар масофаи 21 км 97 метр қувваозмоӣ мекунанд. Давидан тибқи хатсайри пешбинишуда тариқи дидбонгоҳи БДА-и «Чорбоғ» дар шимоли пойтахт сурат гирифта, дар майдони Дӯстӣ»-и пойтахт ба итмом мерасад.

Ҳамчунин имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт дар «Душанбе-Плаза» бо иштироки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷамъомади ботантана доир мегардад. Дар ин ҷамъомад ба ғолибони як қатор озмунҳои шаҳрӣ ҷоизаву мукофотҳо тақдим карда мешавад.


Натиҷаҳои озмунҳои шаҳрӣ рӯзи 18-уми апрел эълон шуда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.