Вохӯрии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии кишварҳои ОМ ва Русия дар Қирғизистон

Аз 23 то 25 апрели 2014 сол дар меҳмонхонаи курортии «Иссиқ-кӯл-Аврора», деҳаи Комсомоли вилояти Иссиқкӯл доир ба мавзӯи «Рушди ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти меваю сабзавотии водии Фарғона ва ширкатҳои тиҷоратӣ аз Қазоқистон ва Русия» вохӯрӣ барпо мегардад. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҷТ хабар доданд, вохӯрии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи […]

ASIA-Plus



Аз 23 то 25 апрели 2014 сол дар меҳмонхонаи курортии «Иссиқ-кӯл-Аврора», деҳаи Комсомоли вилояти Иссиқкӯл доир ба мавзӯи «Рушди ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти меваю сабзавотии водии Фарғона ва ширкатҳои тиҷоратӣ аз Қазоқистон ва Русия» вохӯрӣ барпо мегардад.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҷТ хабар доданд, вохӯрии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаьорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои тиҷоратии миёнрав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ», ки дар доираи барномаи «Осиёи Марказӣ – Инвест III» – и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, ташкил карда мешавад.

Мақсади вохӯрӣ – тайёр кардани нақшаи муштараки фаъолият оиди дастрас намудани маҳсулоти тару тозаи коркардшуда аз водии Фарғона (Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ба бозорҳои Қазоқистон ва Русия мебошад. Вохӯрӣ барои пешниҳоди маълумот оиди нерӯи содиротии мавҷудаи истифоданабурдаи водии Фарғона барои ширкатҳои тиҷоратии бурунмарзӣ, муҳокимаи ҳаҷм, мӯҳлат, шартҳо ва сифати дастрасшавандаи маҳсулоти меваю сабзавотӣ бо арзиши иловашудаи баланд истифода бурда мешавад.

Дар вохӯрии корӣ роҳбарон, моликон, содиргарон, директорон (шахсоне, ки қарор қабул мекунанд) – и ширкатҳои коркардкунанда ва тиҷоратӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, намояндагони якчанд лоиҳаҳои оид ба рушд ва Ассотсиатсияи корхонаҳои саноати хӯроквории Қирғизистон (ҳамагӣ тақрибан 35 нафар) ширкат меварзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.