Қарори суд оид ба парвандаи бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки ба оилаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мутааллиқ аст, ба имрӯз, 19-уми апрел мавқуф гузошта шуд. Рӯзи ҷумъа ба ҷонибҳо сухани ниҳоӣ дода шуд.
Дар сухани ниҳоии худ Муҳиддин Кабирӣ аз суд хоҳиш кард, ки дархости ӯ дар бораи изҳороташ бобати ангезаи сиёсӣ доштани парванда ба инобат гирифта шавад. Мазмуни дархосташро ӯ шарҳ надод.
«Ман қаблан ҳам ба судя гуфта будам, ки агар мурофиа мутобиқи қонунгузорӣ сурат гирад, ман дар он иштирок мекунам, вале агар чунин набошад, ҳузури ман маъное надорад. Судя ба ман ваъда дод, ки ҳамааш мунсифона ҳал мешавад ва ман умедворам, ки ҳамин тавр мешавад», – гуфт Кабирӣ ба журналистон.
Дар ҳамин ҳол, Солеҳҷон Носиров, намояндаи Агентии зиддифасод аз суд талаб кард, ки ин иншооти варзишӣ, ки замоне тахриб гардидаву ба ивазаш бозор сохтаанд ба давлат баргардонида шавад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Агентӣ дархост мекунад, ки ба соҳибмулки аввали бозор Лутфия Неъматова 798 сомонӣ ва раиси ҲНИТ – 836 ҳазор сомонӣ маблағ баргардонида шавад.
«Ин маблағ таҳқиромез аст, зеро ҳанӯз чанд сол қабл аз рӯи нарҳҳои ҳамонвақта зерҳимояҳои ман ин бозорро бо нархи 200 ҳазор доллари ИМА харидаанд», – изҳор кард дар ин робита Бузургмеҳр Ёров, адвокати оилаи Кабирӣ.
Агентии зиддифасод аз суд тақозо намуд, ки бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки муталлиқ ба оилаи Кабирӣ ва хешони ӯ аст, ғайриқонунӣ ва бо нақзи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда хусусӣ гардонида шудааст ва бояд ба ихтиёри давлат баргардонида шавад.



