Барои бозор дар Турсунзода ба Кабирӣ 836 ҳазор сомонӣ пешниҳод карданд

Қарори суд оид ба парвандаи бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки ба оилаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мутааллиқ аст, ба имрӯз, 19-уми апрел мавқуф гузошта шуд. Рӯзи ҷумъа ба ҷонибҳо сухани ниҳоӣ дода шуд. Дар сухани ниҳоии худ Муҳиддин Кабирӣ аз суд хоҳиш кард, ки дархости ӯ дар бораи изҳороташ бобати ангезаи сиёсӣ доштани парванда ба […]

Мавзуна Абдуллоева



Қарори суд оид ба парвандаи бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки ба оилаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мутааллиқ аст, ба имрӯз, 19-уми апрел мавқуф гузошта шуд. Рӯзи ҷумъа ба ҷонибҳо сухани ниҳоӣ дода шуд.

Дар сухани ниҳоии худ Муҳиддин Кабирӣ аз суд хоҳиш кард, ки дархости ӯ дар бораи изҳороташ бобати ангезаи сиёсӣ доштани парванда ба инобат гирифта шавад. Мазмуни дархосташро ӯ шарҳ надод.

«Ман қаблан ҳам ба судя гуфта будам, ки агар мурофиа мутобиқи қонунгузорӣ сурат гирад, ман дар он иштирок мекунам, вале агар чунин набошад, ҳузури ман маъное надорад. Судя ба ман ваъда дод, ки ҳамааш мунсифона ҳал мешавад ва ман умедворам, ки ҳамин тавр мешавад», – гуфт Кабирӣ ба журналистон.

Дар ҳамин ҳол, Солеҳҷон Носиров, намояндаи Агентии зиддифасод  аз суд талаб кард, ки ин иншооти варзишӣ, ки замоне тахриб гардидаву ба ивазаш бозор сохтаанд ба давлат баргардонида шавад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Агентӣ дархост мекунад, ки ба соҳибмулки аввали бозор Лутфия Неъматова 798 сомонӣ ва раиси ҲНИТ – 836 ҳазор сомонӣ маблағ баргардонида шавад.

«Ин маблағ таҳқиромез аст, зеро ҳанӯз чанд сол қабл аз рӯи нарҳҳои ҳамонвақта зерҳимояҳои ман ин бозорро бо нархи 200 ҳазор доллари ИМА харидаанд», – изҳор кард дар ин робита Бузургмеҳр Ёров, адвокати оилаи Кабирӣ.

Агентии зиддифасод аз суд тақозо намуд, ки бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки муталлиқ ба оилаи Кабирӣ ва хешони ӯ аст, ғайриқонунӣ ва бо нақзи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда хусусӣ гардонида шудааст ва бояд ба ихтиёри давлат баргардонида шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.