Аз 23 то 25 апрели 2014 сол дар меҳмонхонаи курортии «Иссиқ-кӯл-Аврора», деҳаи Комсомоли вилояти Иссиқкӯл доир ба мавзӯи «Рушди ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти меваю сабзавотии водии Фарғона ва ширкатҳои тиҷоратӣ аз Қазоқистон ва Русия» вохӯрӣ барпо мегардад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҷТ хабар доданд, вохӯрии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаьорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои тиҷоратии миёнрав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ», ки дар доираи барномаи «Осиёи Марказӣ – Инвест III» – и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, ташкил карда мешавад.
Мақсади вохӯрӣ – тайёр кардани нақшаи муштараки фаъолият оиди дастрас намудани маҳсулоти тару тозаи коркардшуда аз водии Фарғона (Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ба бозорҳои Қазоқистон ва Русия мебошад. Вохӯрӣ барои пешниҳоди маълумот оиди нерӯи содиротии мавҷудаи истифоданабурдаи водии Фарғона барои ширкатҳои тиҷоратии бурунмарзӣ, муҳокимаи ҳаҷм, мӯҳлат, шартҳо ва сифати дастрасшавандаи маҳсулоти меваю сабзавотӣ бо арзиши иловашудаи баланд истифода бурда мешавад.
Дар вохӯрии корӣ роҳбарон, моликон, содиргарон, директорон (шахсоне, ки қарор қабул мекунанд) – и ширкатҳои коркардкунанда ва тиҷоратӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, намояндагони якчанд лоиҳаҳои оид ба рушд ва Ассотсиатсияи корхонаҳои саноати хӯроквории Қирғизистон (ҳамагӣ тақрибан 35 нафар) ширкат меварзанд.



