Афзоиши ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ дар Тоҷикистон



Рӯзи 21-уми апрел дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири корҳои дохилӣ ҷаласаи оперативӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ ва хизматии мақомот дар ин давра ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои се моҳи минбаъда муайян карда шуданд.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони Академия, Сарраёсат, Раёсатҳо, хадамотҳо ва шӯъбаҳои мустақили Дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои ВКД дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, сардорони Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, қайд кард, ки дар ҷаласаи имрӯза он камбудиву норасоиҳое, ки дар фаъолияти мақомот дар семоҳаи аввал муайян карда шудаанд, ҳамаҷониба мавриди таҳлил ва муҳокимаронӣ қарор дода, барои ҳалли онҳо чораҳои муассир ба нақша гирифта мешаванд.

Дар рафти ҷаласа зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ошкоршавии ҷиноятҳо 1,1% зиёд (аз 93,3% то 94,4%) гардидааст. Дар ин давра 28 ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шуда, ошкоршавии ин қабил ҷиноят дар умум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3% (аз 85% то 89%) беҳтар гардидааст.

Тибқи таҳлилҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 982 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 437 ҷиноят зиёд мебошад.Дар ин давра кормандони милитсияи тоҷик аз муоилоти ғайриқонунӣ 682 кило маводи нашъаоварро мусодира намуданд, ки 56 килои онро героин ва 145 килояшро афюн ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное