Мусоидати навбатии ХМ ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирони корӣ

Танҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик беш аз 1 млн. 130 ҳазор рубли қарздорӣ аз музди меҳнат пардохт карда шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов хабар дод, қариб нисфи ин маблағ қарз аз музди […]

Аваз Юлдошев



Танҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик беш аз 1 млн. 130 ҳазор рубли қарздорӣ аз музди меҳнат пардохт карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов хабар дод, қариб нисфи ин маблағ қарз аз музди меҳнат ба гурӯҳи бинокорони тоҷик аст, ки дар яке аз ширкатҳои сохтмони шаҳри Санкт-Петербург ба корҳои таъмир машғул будаанд.

«Намояндагӣ ҳамчунин ба дастрасии музди меҳнат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Новосибирск низ мусоидат намуда, муҳоҷирон Лоиқ Кабкаков ва Зайдулло Ҷобиров аз корфармо мутаносибан дар ҳаҷми 200 ҳазор ва 77 ҳазор рубл музди меҳнаташонро гирифтанд», – иброз дошт Аҳмадов.

Ба қавли ӯ, қарзи шаҳрванди Тоҷикистон Зоиршо Ҳимматов аз музди меҳнат дар яке аз ширкатҳои сохтмон дар шаҳри Маскав 150 ҳазор рублро ташкил дода, баъди муроҷиат ба намояндагӣ ва гуфтушуниди корманд бо корфармо ба ин муҳоҷир қарзи музди меҳнаташ пардохта шудааст.

«Пас аз муроҷиати расмӣ ба намояндагӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон Моҳира Толибова дар маҷмӯъ 104 ҳазор рубл қарз аз музди меҳнаташ пардохт гардид», – гуфт ӯ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон З.Фозилова ва Б.Қаландарова, ки дар яке аз ширкатҳи Маскав машғули кор будаанд, бо мусоидати намояндагӣ 74 ҳазор рубл музди меҳнати пардохтнашударо дастрас кардаанд.

«Таҳлили ҳодисаҳои мазкур гувоҳи онанд, ки сабаби аслии пайдоши ва пардохт нашудани қарзи музди меҳнат мавҷуд набудани шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва муҳоҷирони корӣ аст», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.