Қатъи интиқоли об ба қисмате аз кӯчаҳои марказии пойтахт

Бинобар сабаби баргузори корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминкунии воқеъ дар кӯчаи Пушкини пойтахт, пагоҳ, 23-юми апрел аз соати 08-00 то 24-00 интиқоли оби нӯшокӣ ба чанде аз кӯчаҳои марказии Душанбе қатъ карда мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷараёни таъмир ва пайваст намудани қубури Ø-635 мм, воқеъ дар кӯчаи Пушкин, аз […]

ASIA-Plus



Бинобар сабаби баргузори корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминкунии воқеъ дар кӯчаи Пушкини пойтахт, пагоҳ, 23-юми апрел аз соати 08-00 то 24-00 интиқоли оби нӯшокӣ ба чанде аз кӯчаҳои марказии Душанбе қатъ карда мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷараёни таъмир ва пайваст намудани қубури Ø-635 мм, воқеъ дар кӯчаи Пушкин, аз буриши кӯчаи Шотемури ноҳияи Исмоили Сомонӣ, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонҷ, аз ҷумла, кӯчаҳои Шотемур (аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи М.Турсунзода), Пушкин, Бохтар, Теҳрон, биноҳои истиқоматии №53, №62 ва №64 хиёбони Рӯдакӣ қатъ мегардад.

«Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раҳбарияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва КВД «Обу корези Душанбе»-ро вазифадор намуд, ки  бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд», – хабар медиҳад мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.