Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон имрӯз коммунистони тоҷик солгарди навбатии зодрӯзи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленинро ҷашн гирифтанд.
Муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз коммунистон ба пояи муҷассамаҳои В.Ленин, ки дар кишвар имрӯз 66 адад боқӣ мондаанд, гулчанбарҳо гузоштанд.
«Субҳи имрӯз раҳбарияти Ҳизби коммунист ба пояи муҷассамаи Ленин дар шаҳри Ваҳдат гулчанбар гузошта, дар худи ҳамон ҷо як гурӯҳи ҷавонон аз навоҳии тобеи марказро ба узвияти ҳизб пазируфтанд», – қайд кард Талбаков.
Дар ҳамин ҳол, Талбаков ҳамчунин зикр кард, ки ахири ҳафтаи гузашта зимни сафари корӣ дар ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург ӯ шахсан аз Смолний боздид намуда, аз номи коммунистони кишвар ба нахустин муҷассамаи Ленин дар таърих гулчанбар гузоштааст. «Имрӯз дар дафтари кории ҲКТ дар Душанбе бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти В.И. Ленин конфронси илмӣ доир мегардад», – афзуд номбурда.



