Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як соҳибкор соҳибкори дигариро ба ҳалокат расонид. Сабабҳои ба ин амал даст задани соҳибкор ҳоло маълум нест.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта дар деҳаи Гудоси ноҳияи Ашт сокини ҳамин маҳалла Аминҷон Аминҷонов бо истифода аз силоҳи оташшфишон ба сӯи соҳибкор Фирӯз Эргашев тир парронидааст, ки дар натиҷа ахирӣ ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбати Аминҷонов мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтиш идома дорад. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса маълумот дода нашуд.



