Дар Ашт як соҳибкор аз силоҳи оташфишон кушта шуд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як соҳибкор соҳибкори дигариро ба ҳалокат расонид. Сабабҳои ба ин амал даст задани соҳибкор ҳоло маълум нест. Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта дар деҳаи Гудоси ноҳияи Ашт сокини ҳамин маҳалла Аминҷон Аминҷонов бо истифода аз силоҳи оташшфишон ба сӯи соҳибкор Фирӯз Эргашев тир парронидааст, […]

Мавлуда Рафиева



Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як соҳибкор соҳибкори дигариро ба ҳалокат расонид. Сабабҳои ба ин амал даст задани соҳибкор ҳоло маълум нест.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта дар деҳаи Гудоси ноҳияи Ашт сокини ҳамин маҳалла Аминҷон Аминҷонов бо истифода аз силоҳи оташшфишон ба сӯи соҳибкор Фирӯз Эргашев тир парронидааст, ки дар натиҷа ахирӣ ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбати Аминҷонов мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтиш идома дорад. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса маълумот дода нашуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.