Роҳандозии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону кишвари Олтой

Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ҳайати соҳибкорони кишвари Олтойи Русия таҳти сарварии президенти Палатаи савдо ва саноати кишвари Олтой Борис Чесноков дидору гуфтушунид кард. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин ҳайати Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, раҳбари ҳайати меҳмонон изҳор намуд, […]

ASIA-Plus



Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ҳайати соҳибкорони кишвари Олтойи Русия таҳти сарварии президенти Палатаи савдо ва саноати кишвари Олтой Борис Чесноков дидору гуфтушунид кард. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин ҳайати Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, раҳбари ҳайати меҳмонон изҳор намуд, ки соҳибкорону истеҳсолкунандагони кишвари Олтой ният доранд, ки бо маҳсулоти худ, аз ҷумла чӯбу тахта, таҷҳизоти энергетикӣ, маҳсулоти мошинсозӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва зироати ғалладонаашон ба бозори Тоҷикистон фаъолона роҳ ёбанд.

Зимни мулоқот Борис Чесноков қайд кард, ки ба Олтой аз Тоҷикистон сабзавоту меваи аз нигоҳи экологӣ тару тоза ва хушкмева интиқол дода мешавад ва изҳори умедворӣ намуд, ки робитаҳои тиҷоратии зимни ин сафар роҳандозишуда ба густариши боз ҳам бештари ҳамкориҳои дуҷониба имкони мусоид фароҳам месозанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари ҳайати Олтой дидору гуфтушуниди онҳо бо намояндагони корхонаву ташкилотҳо, вохӯриҳои корӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва боздид аз корхонаҳои Тоҷикистон дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.