Иҷозатномаи кор дар Тоҷикистон ба беш аз 400 нафар хориҷиён

Аз оғози соли равон 440 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 50 кишвари саросари ҷаҳон барои фаъолият дар Тоҷикистон расман иҷозатнома гирифтанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, соли гузашта 1 ҳазору 274 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон расман иҷозатнома дастрас карда буданд. «Аксари […]

Аваз Юлдошев



Аз оғози соли равон 440 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 50 кишвари саросари ҷаҳон барои фаъолият дар Тоҷикистон расман иҷозатнома гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, соли гузашта 1 ҳазору 274 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон расман иҷозатнома дастрас карда буданд.

«Аксари шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор дар Тоҷикистон иҷозатномаи расмӣ доранд, шаҳрвандони кишварҳое мебошанд, ки дар ҷумҳурии мо лоиҳаҳои бузург дар бахши сохтмону таҷдиди роҳҳо ва бунёди корхонаҳои саноатиро амалӣ мекунанд», – қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз ин шумор 118 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи сохтмон, 147 нафар – дар истеҳсолот, 9 нафар – дар бахши тандурустӣ, 26 нафар – дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, 5 нафар – дар бахши аграрӣ, 5 нафар – дар соҳаи маориф, 51 нафар – дар саноат, 60 нафар – дар савдо ва 20 нафар – дар бахши хизматгузорӣ машғули коранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.