Бо таваҷуҳ ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон таъкид дошт, ки сиёсати хориҷии воқеъбинона, фаъол ва мутавозини Тоҷикистон дар айни замон бояд бо дарназардошти мавқеи геополитикӣ ва имкониятҳои табииву демографии он, инчунин сатҳи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар амалӣ карда шавад.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳояшро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳамеша дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда пеш хоҳад бурд, – гуфт президент. – Тоҷикистон тақвияти дӯстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурӣ медонад ва ҳамзамон бо ин, ҷонибдори густариши равобити ҳасана, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳо буда, ҷиҳати таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа аст».
Ба андешаи Э.Раҳмон, мардумони Осиёи Марказӣ метавонанд дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ ҳар гуна масъалаву мушкилотро ҳаллу фасл кунанд ва бар зидди ҳар гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир якҷоя истодагарӣ намоянд.
«Ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу суботи сиёсии пойдор дар қаламрави ҳамсояи ҷанубии мо – Афғонистони ҳамҷавор – ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётиву миллии Тоҷикистон аст. Бо оғози хуруҷи воҳидҳои низомии эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ Афғонистони ҳамсоя ба марҳалаи нав ворид мешавад. Дар ин давра зарур аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дӯстону хайрхоҳони Афғонистон ба ниёзҳо ва масоили мубрами он коҳиш наёбад ва дар ин кор кишварҳои минтақа низ бояд саҳми фаъол дошта бошанд. Дар ин замина мо омодаем, ки ҳамкориҳоро бо Афғонистони бародар густариш дода, имконоти худро ҷиҳати амалӣ гардонидани тарҳҳое, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ин кишвар нигаронида шудаанд, сафарбар намоем», – зикр кард сарвари давлати Тоҷикистон.
Дар идома президент изҳор кард, ки дар муносибатҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон, чун бо Афғонистон, омили марбут ба умумиятҳои таърихии мардумони мо мавқеи муҳим дошта, ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Эрон сол аз сол амиқтару ғанитар мегарданд. «Умед аст, ки раванди тавсеа ёфтани ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон тақвияти бештар пайдо мекунад ва барои гузаштан ба марҳалаи сифатан нави иртибототи густурдаи кишварҳои мо мусоидат менамояд», – гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки тавсеаву рушд ва густариши муносиботи дарозмуддату босуботи Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои ИДМ ва шарики асосии стратегӣ – Федератсия Россия низ аз ҳадафҳои асосӣ буда, аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.
«Ҳарчанд мо сатҳу муҳтавои равобити худ, дараҷаи эътимод ва боварии тарафҳоро бо Федератсияи Россия хеле баланд арзёбӣ менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд бо ин кишвар, устувортар ва амиқтар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, қавитар сохтани ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ва низомиву техникӣ бо ин давлати дӯст аз самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон бо Россия аст ва чунин хоҳад монд», – қайд кард Раҳмон.
Дар робита ба ҳамкориҳои бо Ҷумҳурии Мардумии Чин Э.Раҳмон гуфт, «Тоҷикистон дар самти шарқӣ ҳамсояшарики бузург дорад ва рушду таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунарса бо ин кишвар аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистион дар Осиё мебошад». «Вусъат ёфтани ин гуна ҳамкорӣ дар давоми 23 соли истиқлолияти кишвари мо дар ҳама бахшҳо ҷавобгӯи манфиатҳои на танҳо ду ҷониб, балки ба нафъи суботу амният ва рушди пойдори минтақа аст ва мо ин равандро чун самти стратегии сиёсӣ ҳадафмандона идома хоҳем дод», – гуфт президент.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдору ҳавасманди густариши ҳамёрии гуногунҷабҳа бо ИМА ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки онҳо дар сиёсату иқтисоди дунёи муосир нуфуз ва нақши бузург доранд. «Мо дар раванди муборизаи фаъол ва муассир бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо ин кишварҳо ҳамкории босамар доштем ва вусъату тақвият бахшидани онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои мост», – зикр кард сарвари давлати Тоҷикистон.



