Аз содироти сабзавоту мева Тоҷикистон ҳамасола 1,5 млрд. $ даромад мегирад

Зимни ироаи паём ба парлумон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки барномаи нави рушди боғу токпарварӣ барои 10 соли минбаъда то моҳи сентябри ҳамин сол таҳия ва қабул карда мешавад. Ӯ ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати рушду боғу токпарварӣ ва таъсиси корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Ба гуфтаи […]

ASIA-Plus



Зимни ироаи паём ба парлумон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки барномаи нави рушди боғу токпарварӣ барои 10 соли минбаъда то моҳи сентябри ҳамин сол таҳия ва қабул карда мешавад.

Ӯ ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати рушду боғу токпарварӣ ва таъсиси корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ба гуфтаи президент, дар доираи иҷрои Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” то имрӯз қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, беш аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. «Барои бунёди боғҳои нав мо имконоти зиёд дорем ва вазорати кишоварзӣ, соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд ҷиддӣ ба ин кор машғул шаванд», – иброз дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки боғу токпарварӣ соҳаи сердаромадест, ки метавонад ба таври назаррас иқтидории содиротии кишварро афзун намояд.

«Тибқи ҳисобҳои миёна, аз содироти сабзавоту мева Тоҷикистон ҳамасола 1,5 млрд. $ даромад мегирад. Муддати 23 соли соҳибистиқлолӣ маблағи содироти сабзавоту мева, тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, 45-50 млрд. $-ро ташкил додааст», – гуфт ӯ.

Президент ҳамчунин зикр кард, ки ин даромади бевоситаи аҳолӣ буда, ба он мо набояд монеъа эҷод созем, балки ба доро шудани мардум мусоидат намоем.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.