Раҳмон дар бораи ҳасудкорӣ ва рақобат миёни табибон

– Имрӯз дар Тоҷикистон ҳасудкорӣ ва рақобат миёни табибон тамоили афзоиш касб карда, мутахассисони соҳибтаҷриба ба омӯзиш ва табодули таҷриба бо мутахассисони ҷавони ин соҳа майлу хоҳиш надоранд, ки ба ин соҳа хеле таъсири манфӣ мерасонад, – чунин мешуморад президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Зимни ироаи паём ба парлумон ӯ дар ин робита зикр кард, ки […]

Заррина Эргашева



– Имрӯз дар Тоҷикистон ҳасудкорӣ ва рақобат миёни табибон тамоили афзоиш касб карда, мутахассисони соҳибтаҷриба ба омӯзиш ва табодули таҷриба бо мутахассисони ҷавони ин соҳа майлу хоҳиш надоранд, ки ба ин соҳа хеле таъсири манфӣ мерасонад, – чунин мешуморад президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни ироаи паём ба парлумон ӯ дар ин робита зикр кард, ки имрӯз мутахассисони ҷавони соҳаи тиб ҳамеша ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ниёз доранд, вале касе комилан ба онҳо ин таҷрибаву донишҳоро намеомӯзонад.

«Танҳо гирифтани дипломи холӣ кофӣ нест, мутахассис бояд ба воқеъияти имрӯза ҷавобгӯ бошад. Касе дар бораи норасоии таҷҳизоти тиббӣ барои мо таҳқиқоте анҷом дод? Барои кор дар таҷҳизоти мавҷуда ба мо чӣ қадар мутахассис намерасад? Чӣ қадар таҷҳизот ба иллати истифодаи нодурусти он корношоям шуд? Ман дар бораи он сухан намегӯям, ки аз ҳисоби муолиҷаи беинсофона аз ҷониби баъзе табибон чӣ қадар одамон зиён диданд», – иброз дошт президент.

Эмомалӣ Раҳмон ишора кард, ки сатҳи дониши баъзе аз кормандони тиббии имрӯза ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест, бисёре аз онҳо аз рӯи таҷрибаи гузашта кор мекунанд, ки ба мушкилоти зиёд дар бахши тандурустӣ боис мегардад.

Сарвари давлат аз сифати пешниҳоди хизматгузориҳои тиббӣ дар Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 15 соли ахир аз ҳисоби сарчашмаҳои сармоягузорӣ ба рушди соҳаи тандурустӣ 4,3 млрд. сомонӣ маблағ равона гардида, 7 соли минбаъда ҷудо гардидани боз 14 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

«Насли калонсолтари табибон бояд дарк кунанд, ки табибони ҷавонро имрӯз мебояд тайёр кард, на ин ки бо онҳо рақобат намуд. Ҷавонон ба андӯхтани донишҳои нав майл доранд, онҳо омӯхтан мехоҳанд ва онҳоро мебояд омӯхт. Мо марказҳои хуб бунёд сохта, таҷҳизоти беҳтарин дастрас мекунем, вале мутахассисони қобили дар онҳо коркунанда надорем. Худро нишон медиҳанд, ки гӯё кор карда метавонанд, таҷҳизотеро, ки 1,5-2 млн. доллари ИМА арзиш дорад, корношоям мекунанд ва сипас он вайроншуда ё бекор мехобад», – иброз дошт президент.

Бино ба маълумоти президент, ҳудуди 80%-и ниёзмандон ба кумаки ҳирфаии тиббӣ онро дар хориҷи кишвар дастрас мекунанд. «Агар сиёсат дар бахши тандурустӣ дуруст ба роҳ монда шавад, пас баъди 3-4 сол ҳеҷ як тоҷикистонӣ ба кумаки тиббӣ дар хориҷи кишвар ниёзманд нахоҳад шуд», – афзуд Раҳмон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.