Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки соли гузашта танҳо барои гуфтугӯ тариқи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) аҳолии кишвар беш аз 2 млрд. сомонӣ маблағ масраф кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2013 барои пардохти хизматрасониҳои операторони мобилӣ дар ҷумҳурӣ, беш аз 1,7 млрд. сомонӣ маблағҳо равона гардидаанд. «Ин танҳо арзиши суҳбат бо телефонҳои мобилӣ мебошад, – таъкид дошт Раҳмон. – .Харидории худи телефонҳо, ки имрӯз беш аз 10 миллион ададро ташкил медиҳад, ба садҳо миллион сомонӣ мерасад, яъне давоми сол аҳолӣ танҳо барои гуфтугӯ ҳудуди 2 лмрд. сомонӣ хароҷот кардааст».
Дар идома президент қайд кард, ки соли 2013 хароҷоти аҳолӣ танҳо барои хариди мошинҳои сабукрав 1,4 млрд. сомониро ташкил даст. «Ин 350 млн. доллари ИМА аст. Буҷети ҷумҳурӣ бошад, масалан дар соли 2001 ҳамагӣ 340 млн. сомониро ташкил дода буд. Ба Шумо ин барои муқоисаву андеша ва таҳлил аст. Мо куҷо будем, чӣ гуна зиндагӣ доштем ва акнун бояд чӣ кор кунем», – иброз дошт ӯ.
«Бигзор Худованд ба мардуми мо чизи аз ин бештареро ҳам ато кунад, аммо минбаъд каме сарфакор мебояд шуд», – афзуд сарвари давлат.
Дар робита ба ҳаҷми даромади аҳолӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар натиҷаи мунтазам зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ имрӯз сохтори хароҷоти хонаводагӣ хеле беҳтар гардидааст. «Масалан, соли 2001-ум 84 фоизи хароҷоти хонаводагӣ ба хариди маҳсулоти озуқа ва 16 фоиз барои молҳои ғайриозуқа ва хизматрасониҳо рост меомад. Ҳоло ин нишондиҳандаҳо қариб баробар шудаанд, яъне имконияти мардум барои хариди молҳои маишӣ, пардохти хизматрасониву истироҳат ё пасандози қисми даромадҳояшон бештар шудааст», – гуфт президент.



