Президент дар бораи хароҷоти аҳолӣ барои алоқа ва автомашина

Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки соли гузашта танҳо барои гуфтугӯ тариқи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) аҳолии кишвар беш аз 2 млрд. сомонӣ маблағ масраф кардааст. Ба гуфтаи ӯ, соли 2013 барои пардохти хизматрасониҳои операторони мобилӣ дар ҷумҳурӣ, беш аз 1,7 млрд. сомонӣ маблағҳо равона гардидаанд. «Ин танҳо арзиши суҳбат […]

ASIA-Plus



Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки соли гузашта танҳо барои гуфтугӯ тариқи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) аҳолии кишвар беш аз 2 млрд. сомонӣ маблағ масраф кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2013 барои пардохти хизматрасониҳои операторони мобилӣ дар ҷумҳурӣ, беш аз 1,7 млрд. сомонӣ маблағҳо равона гардидаанд. «Ин танҳо арзиши суҳбат бо телефонҳои мобилӣ мебошад, – таъкид дошт Раҳмон. – .Харидории худи телефонҳо, ки имрӯз беш аз 10 миллион ададро ташкил медиҳад, ба садҳо миллион сомонӣ мерасад, яъне давоми сол аҳолӣ танҳо барои гуфтугӯ ҳудуди 2 лмрд. сомонӣ хароҷот кардааст».

Дар идома президент қайд кард, ки соли 2013 хароҷоти аҳолӣ танҳо барои хариди мошинҳои сабукрав 1,4 млрд. сомониро ташкил даст. «Ин 350 млн. доллари ИМА аст. Буҷети ҷумҳурӣ бошад, масалан дар соли 2001 ҳамагӣ 340 млн. сомониро ташкил дода буд. Ба Шумо ин барои муқоисаву андеша ва таҳлил аст. Мо куҷо будем, чӣ гуна зиндагӣ доштем ва акнун бояд чӣ кор кунем», – иброз дошт ӯ.

«Бигзор Худованд ба мардуми мо чизи аз ин бештареро ҳам ато кунад, аммо минбаъд каме сарфакор мебояд шуд», – афзуд сарвари давлат.

Дар робита ба ҳаҷми даромади аҳолӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар натиҷаи мунтазам зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ имрӯз сохтори хароҷоти хонаводагӣ хеле беҳтар гардидааст. «Масалан, соли 2001-ум 84 фоизи хароҷоти хонаводагӣ ба хариди маҳсулоти озуқа ва 16 фоиз барои молҳои ғайриозуқа ва хизматрасониҳо рост меомад. Ҳоло ин нишондиҳандаҳо қариб баробар шудаанд, яъне имконияти мардум барои хариди молҳои маишӣ, пардохти хизматрасониву истироҳат ё пасандози қисми даромадҳояшон бештар шудааст», – гуфт президент.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.