Вохӯрии охирини дастаи «Равшан» дар мусобиқоти Ҷоми КФО

Шоми имрӯз дар Бейрут (Лубнон) дар даври гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) вохӯрии охирини дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2013 бо дастаи «Сафо»-и ин кишвар доир мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, санаи 22-юми апрел ҳайати дастаи «Равшан» ба Бейрут раҳсипор шудааст. Қобили зикр […]

ASIA-Plus



Шоми имрӯз дар Бейрут (Лубнон) дар даври гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) вохӯрии охирини дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2013 бо дастаи «Сафо»-и ин кишвар доир мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, санаи 22-юми апрел ҳайати дастаи «Равшан» ба Бейрут раҳсипор шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти имсолаи Ҷоми КФО дастаи «Равшан» дар ҳамаи панҷ бозиҳо ба шикаст мувоҷеҳ гардида, новобаста аз натиҷаи бозии охирин, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд.

Дур гурӯҳи «А»-и мусобиқоти мазкур, ки дастаи «Равшан» дар он бозӣ мекунад, пас аз панҷ давр тимҳои «Сафо»-и Лубнон (13 имтиёз) ва «Зат Рас»-и Урдун (10 имтиёз) зинаҳои аввалро ишғол намуда, пеш аз муҳлат ба даври 1/8 финалии мусобиқот роҳхат гирифтанд.

Дастаи «Ал-Сувайк» (Уммон) бо касби 6 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифта, тими «Равшан» то ҳол ҳеҷ имтиёзе ба даст наовардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.