Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «вазифаи муҳими тарбияи насли нави тоҷикистониён дар рӯҳияи ватандӯстӣ»-ро ба зиммаи зиёиён вогузор намуд.
«Шумо посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатед», – гуфт президент зимни муроҷиат ба зиёиён.
«Шумо соҳибэҳтиромед ва бояд содиқона ба ватани худ хизмат кунед. Сарфи назар аз чигунагии андешаатон, мо шуморо ҳурмат мекунем. Шумо шахсони эҷодкоред. Ҳар чизе, ки бигӯянд, ман шуморо ҳурмат мекунам», – афзуд Раҳмон.
Дар идома ссарвари давлат зикр кард, ки айни замон қариб 70%-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. «Мо бояд ба ҷавонон бовар кунем. Танқид кардан осон аст, аммо тарбия мушкил аст. Мо бояд дарк кунем, ки ояндаамон дар дасти ҷавонони имрӯза буда, онҳо (насли наврас) бояд ин масъулиятро эҳсос намоянд. Мо набояд ҳарос дошта бошем, ки ҷавонон ҷойҳои мову шуморо мегиранд», – таъкид дошт президент.



