Анонс
– Соати 10-00 дар «Кохи Ваҳдат» натиҷаҳои «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2015» баррасӣ мешавад;
– Соати 09-00 дар «Душанбе-Плаза» озмуни лоиҳаҳо барои беҳтарин бино ва иншоот дар Тоҷикистон баргузор мешавад;
– Сати 09-00 дар тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии шикояти кассатсионии соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда Зайд Саидов оғоз мегардад;
– Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аз соати 11-00 то 16-00 Рӯзи дарҳои боз мегузаронад. Соати 14-00 дар Маркази фарҳанги Донишгоҳ бо раҳбарияти ин муассисаи таълимӣ вохӯрӣ доир мегардад.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.8215
сомонӣ;
1
евро –
6.6926
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.13
58
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
Рӯзи байнулмилалии бародаршаҳрҳо.
1992
– Дар маркази шаҳри Душанбе, дар майдонҳои Озодӣ ва Шаҳидон гирдиҳамоиҳои стихиявӣ сурат гирифтанд.
1996
– Нашри нахустин ҳафтавори мустақили «Чархи гардун».
1900
– Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев.
1917
– Мавлуди Ҳунарманди халқии ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Туҳфа Фозилова. Театри мусикиву драмавии Конибодом номи ӯро дорад.
1932
– Зодрӯзи журналист Мусофир Набиев.
1940
– Мавлуди ҳуқуқшинос, профессор Саломиддин Шарофов (собиқ Прокурори генералии ҶТ).
1953
– Зодрӯзи актёри театр Шаҳобиддин Ҳасанов.
1966
– Мавлуди журналист Сайёфи Мизроб.
Вазъи обу
ҳ
аво
Дар
вилояти
Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ ва жола (дар баландии зиёда аз 2500 метр барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ ва жола (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +11+16.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2800 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +6+11, рӯзона +12+17; дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +3+8.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда борон меборад, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +14+16.



