ВКД дар бораи ҳалокати боз як тоҷики дар Сурия ҷанганда хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳалокати сокини деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара Масрур Иброҳимов ҳангоми амалиёти ҷангӣ бар зидди нерӯҳои ҳукумати Башор Асад хабар дод.  Гузориши телевизионӣ дар ин бора дар барномаи «Сипар»-и Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки ин барнома аз ҷониби ВКД ҶТ таҳия гардида буд. Дар барнома зикр гардид, ки […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳалокати сокини деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара Масрур Иброҳимов ҳангоми амалиёти ҷангӣ бар зидди нерӯҳои ҳукумати Башор Асад хабар дод. 


Гузориши телевизионӣ дар ин бора дар барномаи «Сипар»-и Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки ин барнома аз ҷониби ВКД ҶТ таҳия гардида буд.

Дар барнома зикр гардид, ки моҳи декабри соли 2013 Иброҳимов муҳоҷирати корӣ ба Русияро ихтиёр намуда, аммо баъдтар бо даъвати хоҳараш Макнуна Иброҳимова, ки бо шаҳрванди араб оила барпо кардаву дар Сурия иқомат дошт, ба ин кишвар раҳсипор мегардад. Зикр гардид, ки Масрур Иброҳимов чанде алайҳи ҳукумати Башор Асад ҷангида, санаи 22-юми март ҳангоми муҳорибаҳо ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин бино ба маълумоти ВКД ҶТ, зимни баргузории чораҳои тафтишотӣ ошкор шудааст, ки дар деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара боз як шахсе иқомат доштааст, ки муқобили ҳукумати расмии Сурия меҷангад ва ин шахс Ислом Ҳакимови 28-сола мебошад.

Дар барнома қайд шуд, ки бародаронаш Нуриддин ва Қаюм Ҳакимовҳо барои ба Сурия рафтани оилаи ӯ кумак кардаанд. Қаюм Ҳакимов дар барнома иқрор мешавад, ки ҳамсар ва фарзандони бародараш низ аввал ба Русия, сипас ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафтаанд. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки пеш аз сафар бародари хурдии онҳо эътироф кардааст, ки ба ҷанг муқобили ҳукумати расмии Сурия меравад.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи аввали ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Сурия нест. Қаблан рӯзи 22-юми март дар торнамои Akhbar Sham дар бораи ҷиҳоди Абӯ Аҳмади Тоҷикӣ хабар дода шуд. Баъдтар маълум шуд, ки ӯ сокини 26-солаи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Шеров аст. Хадамоти махсуси Тоҷикистон низ соли гузашта дар бораи ҳалокати се шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия хабар дода буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.