Пешниҳоди эъломияҳои даромади 95%-и мансабдорон ба мақомоти андоз

Тибқи маълумоти пешакӣ, то имрӯз 95%-и мансабдорони давлатии Тоҷикистон эъломияҳои даромадашонро ба мақомоти андози маҳалли зист пешниҳод намудаанд. Ба савол дар бораи аз ҷониби вазирон ва роҳбарони мақомоти калидии ҷумҳурӣ супурда шудани эъломияҳояшон, аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ посух доданд, ки қабул ва санҷиши эъломияҳо идома дошта, мутобиқи моддаҳои 90 ва 93-и Кодекси андози […]

Заррина Эргашева


Тибқи маълумоти пешакӣ, то имрӯз 95%-и мансабдорони давлатии Тоҷикистон эъломияҳои даромадашонро ба мақомоти андози маҳалли зист пешниҳод намудаанд.

Ба савол дар бораи аз ҷониби вазирон ва роҳбарони мақомоти калидии ҷумҳурӣ супурда шудани эъломияҳояшон, аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ посух доданд, ки қабул ва санҷиши эъломияҳо идома дошта, мутобиқи моддаҳои 90 ва 93-и Кодекси андози ҶТ, мақомоти андоз ба ифшо ва ба маърази ом гузоштани маълумот дар бораи даромадҳои мансабдорон уҳдадор нест.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи феврали соли равон Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ ба қабули эъломияҳои даромади мансабдорон дар шакли электронӣ оғоз кард, то ки ҷараёни пешниҳоди эъломияҳо барои мансабдоронро осонтар созад. Дар Кумита бар ин назаранд, ки соддакунии ҷараёни пешниҳоди эъломияҳо ба иштироки фаъолонаи мансабдорон дар ин раванд ва саривақт супурдани эъдомияҳо мусоидат мекунад.

Бино ба маълумоти Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ, айни замон шумори мансабдорони давлатӣ дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 705 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2012 ба ҷуз 102 нафар бинобар сабабҳои воқеъӣ, дигар ҳамаи мансабдрони давлатӣ эъломияҳо дар бораи даромадашонро пешниҳод намуданд.

Мувофиқи моддаи 8-и Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия», моддаи 31-и Қонуни ҶТ «Дар бораи хизматчии давлатӣ» ва моддаи 156-и Кодекси андози ҶТ, мансабдорони давлатӣ уҳдадоранд, ки эъломияҳо дар бораи даромадашонро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.