Зайд Саидов бори дигар тамоми айбномаҳоро «туҳмат» хонд

Зимни суханронӣ дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии шикояти кассатсионии адвокатҳояш соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов бори дигар тамои айбномахои ба ӯ пешниҳодшударо «туҳмат» хонда, ҳукми аз ҷониби судя Суди олӣ Шавкат Абдулхайров содиршударо ғайриқонунӣ арзёбӣ кард. Тавре ба «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои соҳибкор хабар дод, дар мурофиа ҷониби ҳимоя низ далелҳои бегуноҳии зерҳимояи […]

Мавзуна Абдуллоева



Зимни суханронӣ дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии шикояти кассатсионии адвокатҳояш соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов бори дигар тамои айбномахои ба ӯ пешниҳодшударо «туҳмат» хонда, ҳукми аз ҷониби судя Суди олӣ Шавкат Абдулхайров содиршударо ғайриқонунӣ арзёбӣ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои соҳибкор хабар дод, дар мурофиа ҷониби ҳимоя низ далелҳои бегуноҳии зерҳимояи худро пешниҳод намудааст. Мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии ин масъала имрӯз, 25-уми апрел соати 09:00 дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ идома меёбад.

Ҷаласаи аввал оид ба баррасии шикояти кассатсионии адвокатҳои соҳибкори ба 26 соли зиндон маҳкумшуда санаи 15-уми апрел доир гардида буд. Шикоятро ба Суди олӣ адвокатҳо 30-юми декабри соли 2013 пешниҳод карда буданд.

Шуҳрат Қудратов зикр кард, ки ин шикояти пешакӣ аст, зеро ҷониби ҳимоя то ҳанӯз нусхаи ҳукми судро дастрас накардааст ва мушаххасан огаҳ нест, ки дар асоси кадом айбномаҳо рӯзи 25-уми декабри соли 2013 зерҳимояи онҳо Зайд Саидов ба 26-соли зиндон маҳкум шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд. Аз рӯи дигар моддаҳои пешниҳодшуда суд ҷиҳати тафтишоти дубора таъинот содир намуд, зеро тибқи ин моддаҳо айби Саидов собит карда нашуд.

Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз ваколатҳои мансабӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.