Тендери байнулмилалии Вазорати нақлиёт барои таҷдиди роҳи Сайрон-Қарамиқ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) барои интихоби паймонкор ба таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Сайрон – Қарамиқ (дар марз бо Қирғизистон) тендери байнулмилалӣ эълон кард. Барои амалисозии лоиҳа дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари ИМА воситаҳои бурсии Бонки осиёгии рушд ҷудо гардида, ҳамчунин расонидани кумаки техникӣ пешбинӣ шудааст. Ҳиссаи […]

Заррина Эргашева



Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) барои интихоби паймонкор ба таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Сайрон – Қарамиқ (дар марз бо Қирғизистон) тендери байнулмилалӣ эълон кард.

Барои амалисозии лоиҳа дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари ИМА воситаҳои бурсии Бонки осиёгии рушд ҷудо гардида, ҳамчунин расонидани кумаки техникӣ пешбинӣ шудааст. Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа 150 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар 12,68 километри роҳ пешбинӣ шудаанд», – хабар медиҳад Вазорати нақлиёт.

Дар доираи амалисозии лоиҳа тақрибан дар 88 километри роҳи мошингарди Сайрон-Қарамиқ, ки қисмате аз роҳи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (АРЭС) маҳсуб меёбад ва дар километрҳои 3, 5 ва 87-и роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг роҳҳо таҷдиду таъмир ва сатҳи бехатариву хизматгузории техникиашон беҳтар мегардад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа вазъи ҳудуди 30 километр роҳҳои деҳоти ноҳияи Восеъ ва Ховалинг беҳтар гардида, дар шафати роҳ минтақаҳои истироҳат бунёд мешаванд ва дар маҳаллаҳои аҳолинишин таҷҳизоти энергияи офтобӣ насб мегарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарик дар ҳаҷми 19 млн. доллари ИМА ба лоиҳа маблағгузорӣ мекунад. Вазорати нақлиёт агентии иҷрочии лоиҳа маҳсуб ёфта, анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2017 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти БОР пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, бурс ва кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми умумии ҳудуди 1,1 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст.

Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд, ки 48 кишвари он дар минтақа воқеанд. Соли 2012 ҳаҷми умумии кӯмаки молии аз ҷониби БОР маъқулшуда бо шумули маблағгузории шарикӣ ба миқдори 8,3 млрд. доллари ИМА, дар маҷмӯъ 21,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.