Расидагии сафорати ҶТ дар Русия ба ҳодисаи марги соҳибкори тоҷик

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои дахлдори намояндагии дипломатӣ ҷиҳати ошкор намудани ҳолатҳои марги соҳибкори тоҷик Шуҳрат Яхшимуродов дар Маскав дастуру супориш дод. Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, дар сафорат аз марги шаҳрванди Тоҷикистон тоҷик тариқи васоити ахбори умум огоҳ шудаанд. «Саҳеҳияти маълумот мавриди санҷиш […]

Пайрав Чоршанбиев



Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои дахлдори намояндагии дипломатӣ ҷиҳати ошкор намудани ҳолатҳои марги соҳибкори тоҷик Шуҳрат Яхшимуродов дар Маскав дастуру супориш дод.

Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, дар сафорат аз марги шаҳрванди Тоҷикистон тоҷик тариқи васоити ахбори умум огоҳ шудаанд.

«Саҳеҳияти маълумот мавриди санҷиш қарор дошта, ба сафорат дар ин бора то ҳол иттилои расмӣ нарасидааст, вале бо вуҷуди ин, сафир Абдулмаҷид Достиев дастур дод, ки ин ҳодиса пайгирӣ карда шавад», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки айни замон хадамоти консулгарии сафорат ин ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор дода, дар пайи ошкор намудани ҷузъиёти ҳолатҳои содир шудани он мебошад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта соҳибкори маъруфи тоҷик Шуҳрат Яхшимуродов дар шаҳри Маскав

кушта шуд

. Соҳибкорро дар назди хонааш паррониданд.

Хотиррасон мешавад, ки соли 1995 Яхшимуродовро ба куштори ду намояндаи маъруфи олами ҷиноӣ (авторитетҳо) дар Маскав

муттаҳам карда буданд

, вале тахмин шуда буд, ки ҳабси ӯ бештар ангезаи сиёсӣ дорад, зеро он замон ӯ бо мухолифони тоҷик ҳамкорӣ дошт.

Яхшимуродов ба ҳайси менеҷери кулли ширкати Fair Play International-и Лаҳистон (Полша) фаъолият мекард. Қаблан ба сифати ноиби президенти консерни истихроҷ ва коркарди нафту металлҳои рангаи «Тадж-Ал» низ кор кардааст. Дар рӯйхати хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Маскав ҷой дорад.

Соҳибкор ҳамчунин ба варзиш машғул буда, номи ӯ ба рӯйхати панҷгонаи беҳтаринҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ зикр шудааст. Бо таэконддистҳо машқу тамрин мегузаронид ва ҳамчунин ба кикбоксинг низ сарукор дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.