Маблағгузории БҶ барои беҳбуди иртиботи нақлиётӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани воситаҳо дар ҳаҷми 45 млн. доллари ИМА барои маблағгузории марҳилаи аввали Барномаи беҳбуди роҳҳои нақлиётӣ (солҳои 2014-2019) дар минтақаи Осиёи Марказиро маъқул шуморид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, дар марҳилаи аввали амалисозии барнома барқарор кардани иртиботи нақлиётии фаромарзӣ миёни вилоятҳои Ошу Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди […]

Пайрав Чоршанбиев



Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани воситаҳо дар ҳаҷми 45 млн. доллари ИМА барои маблағгузории марҳилаи аввали Барномаи беҳбуди роҳҳои нақлиётӣ (солҳои 2014-2019) дар минтақаи Осиёи Марказиро маъқул шуморид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, дар марҳилаи аввали амалисозии барнома барқарор кардани иртиботи нақлиётии фаромарзӣ миёни вилоятҳои Ошу Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон пешбинӣ шудаааст.

«Дар марҳилаи аввал таъмиру азнавсозии қитъаи роҳҳои масофаи умумиашон ҳудуди 56 километр қад-қади роҳи «Ош-Ботканд-Исфана» дар ҳудуди вилояти Ботканд, аз ҷумла қитъаҳои «Исфана – гузаргоҳи марзии Қайрагаҷ/Маданият» (36 км), «Ботканд – Тортқул» (14 км) ва «Ботканд – гузаргоҳи Қизил-Бел/Гулистон» (6 км) дар назар аст», – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти бонк.

Ба гуфтаи сариқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ оид ба масоили нақлиёт бону Кордула Растоги, марҳилаи аввали барнома ба сифати яке аз лоиҳаҳои пайдарҳам таҳия шудааст, ки дар қаламрави якҷанд кишварҳо амалӣ карда мешавад.

«Барои ҳамзамон дар якчанд кишвар оғоз кардани амалисозии барнома зарурате нест ва ҳар яке аз кишварҳо вобаста ба омодагиаш ба татбиқи барннома шурӯъ мекунад. Дар амалисозии марҳилаи дуюми барнома иштироки Тоҷикистон дар назар буда, айни замон он мавриди таҳия қарор дорад», – иброз доштааст ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.