Нашри китобҳои дарсии насли нав дар Тоҷикистон аз соли 2015

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ даъвати чорум қонун «Дар бораи адабиёти таълимӣ» якдилона маъқул шуморида шуд. Зимни шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур ба вакилон яке аз муаллифони он, вакили парлумон Лутфулло Саидмуродов зикр кард, ки айни замон баъзе китобҳои дарсии кишвар на ҳамеша ба меъёр ва талаботи маориф ҷавобгӯ буда, ин ба пурра […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ даъвати чорум қонун «Дар бораи адабиёти таълимӣ» якдилона маъқул шуморида шуд.

Зимни шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур ба вакилон яке аз муаллифони он, вакили парлумон Лутфулло Саидмуродов зикр кард, ки айни замон баъзе китобҳои дарсии кишвар на ҳамеша ба меъёр ва талаботи маориф ҷавобгӯ буда, ин ба пурра азхуд нашудани барномаи таълимӣ аз ҷониби хонандагон боис мегардад.

«Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, мизони азхудкунии барномаи таълимӣ дар мактабҳои кишвар дар солҳои хониши 2012-2013-ум 69%-ро ташкил дод», – иброз дошт вакил.

Ба қавли ӯ, пас аз пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ҳукумат ба маблағгузории нашри китобҳои нави таълимӣ имкон надошт. «Соли 1999 дар Тоҷикистон – 9 номгӯи китобҳои дарсӣ бо теъдоди умумии 780 ҳазор нусха, солҳои 2001-2011 – 200 номгӯйи китоби таълимӣ бо теъдоди умумии  18 млн. нусха ва солҳои 2012-2013 – аллакай 32 млн. нусха китобҳои дарсӣ ба нашр расиданд», – қайд кард ӯ.

Л.Саидмуродов итминон дод, ки қабули қонуни зикршуда ба беҳбуди сифати нашри китобҳои дарсӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам меоваранд, зеро онҳо ҳатман мавриди ташхис қарор мегиранд.

Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар ин робита изҳор намуд, ки барои низоми маорифи кишвар қабули ин қонун хеле муҳим аст. «Шурӯъ аз соли 2015 нашри китобҳои таълимии насли нав дар кишвари мо оғоз мегардад. Барои муллифони ин китобҳо ояндаи наздик озмун эълон карда мешавад», – зикр кард вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.