Таваҷҷуҳи намояндагии GIZ ба якчанд лоиҳа дар Суғд

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон Штефан Эрберро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманди тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар оғоз Абдураҳмон Қодирӣ  доир ба ҳадафҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон Штефан Эрберро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманди тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғоз Абдураҳмон Қодирӣ  доир ба ҳадафҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, аз ҷумла гузаронидани ислоҳоти замин ба хотири дастрасии воқеии деҳқонон ба замин ва ташкили хоҷагиҳои нав маълумот дод.

Таъкид гардид, ки новобаста аз сар шудани мавсими киштукор, ин раванд то охири сол идома ёфта, беш аз 40 ҳазор хоҷагии нави оилавию инфиродӣ ташкил мешавад ва шумораи умумии хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ба беш аз 60 ҳазор мерасад. Зикр шуд, ки то имрӯз зиёда аз 22 ҳазор хоҷагии нав дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм ташкил ёфтааст.

Раиси вилоят ҳамчунин изҳор намуд, ки дар вилоят ҷиҳати эҳёи соҳаи саноати сабук ва ҳунарҳои анъанавӣ низ ташаббусҳои муфид бо мақсади фаъол кардани корхонаҳои азими аз кормонда, ташкили коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва рушди гилембофию сӯзанидӯзӣ амалӣ мешаванд.

Штефан Эрбер ҳавасмандии ҷонибашро дар самти амалӣ намудани якчанд барномаи муфид на танҳо дар соҳаи кишоварзӣ, балки саноат низ изҳор намуд. Ӯ афзуд, вилояти Суғд аз минтақаҳоест, ки ташкилоти мазкур метавонад дар амалӣ намудани чунин лоиҳаҳо фаъолона ширкат варзад. Қайд карда шуд, ки пас аз муайян намудани самти кор ва ба мувофиқа омадани ҷонибҳо, дар ояндаи наздик тарҳрезии барномаҳои нав дар вилоят шурӯъ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.