Дипломати тоҷик ба президенти Туркманистон этимоднома супурд



Ахири ҳафтаи сипаришуда сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон Маҳмудҷон Собиров ба президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов эътимоднома супурд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати Туркманистон, зимни мулоқоти доиргардида сарвари давлати Туркманистон ва дипломати тоҷик аз сатҳи муколамаи байнидавлатии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба дурнамои рушди муносибатҳои минбаъдаи барои тарафайн судманд табодули назар карданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин нақши муҳими фаъолияти комиссияи байниҳукуматии кишварҳо оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ дар густариши ҳамкориҳои муассирро таъкид доштанд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҳамчунин мавҷуд будани шароиту имконоти бештари рушди ҳамкориҳои шарикӣ дар бахшҳое чун саноат, маориф, нақлиёт, тандурустӣ ва кишоварзӣ низ зикр гардид.

Ёдрас мекунем, ки президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов рӯзи 5-уми май бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

spot_imgspot_img

Популярное