Дипломати тоҷик ба президенти Туркманистон этимоднома супурд

Ахири ҳафтаи сипаришуда сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон Маҳмудҷон Собиров ба президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов эътимоднома супурд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати Туркманистон, зимни мулоқоти доиргардида сарвари давлати Туркманистон ва дипломати тоҷик аз сатҳи муколамаи байнидавлатии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба дурнамои рушди муносибатҳои минбаъдаи барои тарафайн судманд табодули назар карданд. Ба иттилои […]

Аваз Юлдошев



Ахири ҳафтаи сипаришуда сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон Маҳмудҷон Собиров ба президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов эътимоднома супурд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати Туркманистон, зимни мулоқоти доиргардида сарвари давлати Туркманистон ва дипломати тоҷик аз сатҳи муколамаи байнидавлатии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба дурнамои рушди муносибатҳои минбаъдаи барои тарафайн судманд табодули назар карданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин нақши муҳими фаъолияти комиссияи байниҳукуматии кишварҳо оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ дар густариши ҳамкориҳои муассирро таъкид доштанд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҳамчунин мавҷуд будани шароиту имконоти бештари рушди ҳамкориҳои шарикӣ дар бахшҳое чун саноат, маориф, нақлиёт, тандурустӣ ва кишоварзӣ низ зикр гардид.

Ёдрас мекунем, ки президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов рӯзи 5-уми май бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.