Шикояти сокинони Қӯрғонтеппа ба вакил аз гаронии доруворӣ

Дар доираи сафар ба минтақаҳои кишвар вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саодат Амиршоева имрӯз бо намояндагони зиёиёни шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқот орост. Котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Амиршоева ба ҳозирин бандҳои асосии Паёми президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумонро, ки рӯзи 23-юми апрел ироа гардида […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи сафар ба минтақаҳои кишвар вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саодат Амиршоева имрӯз бо намояндагони зиёиёни шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқот орост.

Котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Амиршоева ба ҳозирин бандҳои асосии Паёми президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумонро, ки рӯзи 23-юми апрел ироа гардида буд, шарҳу тавзеҳ дод.

«Намояндагони зиёини вилоят ба вакил дар бораи мушкилоти соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, норасоии дорувории тиббии ройгон, кадрҳои тиббии соҳибтаҷриба ва бекорӣ миёни ҷавонон ибрози назар карданд», – зикр кард Султонов.

Ба қавли ӯ, зимни ибрози андеша ҳозирин ба вакил шикоят кардаанд, ки айни замон нархи доруворӣ дар вилоят ба ҳаддест, ки аксари аҳолӣ ба харидории он имкон надоранд. «Амиршоева ба ҷамъомадагон ваъда кард, ки аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ ва расидагӣ ба ин мушкилот ба унвони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дархости вакилӣ ирсол хоҳад кард», – афзуд Султонов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.