Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сафири Австралия дар Тоҷикистон (муқими Моква) Пол Майлерро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар мулоқот намояндагони Сафорати Австралия: Крэйг Читтик, Ҷеймс Молан, Майкл Кортефф ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Австралия Эндрю Голедзиноски ва хонум Маргалит Левин низ иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз он ҷумла, терроризм мавриди муҳокима қарор дода, аз рушд ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори умедворӣ намуданд.



