Суд шикоят аз болои парвандаи «зиёиён»-ро баррасӣ мекунад

Имрӯз дар суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии адвокатҳои газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» баррасӣ мешавад. Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 25-уми феврал оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» қарор содир намуда , идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии адвокатҳои газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» баррасӣ мешавад.

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 25-уми феврал оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»

қарор содир намуда

, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён»

(Неинтелегентно об интеллигенции)

аз ҷониби муҳаррир, даъвогарон – Академияи илмҳо, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди меъморон ва се шахси воқеӣ – Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х. Раҳматов аз суд дархост карданд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Дар

мурофиаи рӯзи 13-уми феврал

намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев изҳор намуда буд, ки «онҳо далели паҳн кардани маълумоти пастзанандаи обрӯву мартабаи кориро, ки ба даъвогарон зиёни маънавӣ расонидааст, собит кардаанд».

Зимни сухани ниҳоии худ дар музокироти ҷонибҳо намояндагони газета – Иноят Иноятов ва Шуҳрат Қудратов бо пешниҳоди далелҳо изҳор намуданд, ки тамоми асосҳои қаблан изҳоршудаи даъвогарон ғайриқонунӣ ва бепояанд.

Санаи 18-уми март адвокатҳои газета ва муҳаррири он аз болои қарор шикоят бурда, зикр карданд, ки ҳалномаи мазкур «беасос» ва «ғайриқонунӣ» аст. Онҳо зикр карданд, ки Тутубалина барои суханони Ленин аз нигоҳи ҳуқуқӣ масъул буда наметавонад.

Ин ҳалномаи суд вокуниши манфии ҷомеаи журналистӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷиро ба бор овард, ки онҳо ин қарори судро маҳкум намуданд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» аз низоми адолати судии Тоҷикистон даъват кард, ки ҳалномаи суд нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина бекор  ва аз суди апеллятсионӣ баррасии беғаразонаи ин қазияро дархост кард. «Ин қарори бемаънӣ ба фаъолияти журналистикаи мустақили тоҷик таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд меоварад», – изҳор дошт роҳбари шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқии созмони мазкур Иоганн Бир.

Намояндаи САҲА оид ба масъалаҳои озодии ВАО Дуня Миятович зимни суханронӣ дар Конфронси байнулмилалӣ оид ба масоили озодии расонаҳои хабарӣ дар Ню-Йорк дар робита ба ин қарори суд изҳори таассуф намуда, зикр кард, ки он ба сатҳи озодии баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.

Ассотсиатсияи миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) қарори судро «зарба ба озодии васоити ахбори умум» арзёбӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.