Таҳқиқи ҷузъиёти ҳодисаи қатли корфармо аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон



Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои дахлдори намояндагии дипломатӣ ҷиҳати таҳқиқи саҳеҳияти маълумот дар бораи қатли корфармо ва ёвари ӯ аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон дар кишвари Хабаровски Русия дастуру супориш дод.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, оид ба ин ҳодиса онҳо тавассути хабарҳои матбуот огоҳ гардида, феълан дар асоси дастури сафир Консулгарии генералӣ дар Екатеринбург дақиқияти ин хабарро тафтиш ва бо мақомоти кишвари Хабаровск дар тамос шудаанд.

Ба иттилои ӯ, дар робита ба ин казия на сафорат, на Хадамоти консулгарӣ ва на Консулгарии генералӣ дар Екатеринбург, ки кишвари Хабаровск ба ҳавзаи хидматгузории он ворид мешавад, аз мақомоти марбутаи Россия маълумоти расмӣ дастрас накардаанд.

«Мо ният дорем, ки  ҳарчи зудтар ин ҳодисаро дақиқ намоем, зеро ин гуна хабарҳое, ки дар атрофи номи тоҷикон фазои бадномкунанда меофаранд, мутаассифона, дар матбуоти русӣ зиёд ба чолиш кашида мешаванд. Гузашта аз ин, дар бозори муҳоҷирати кории Русия ҳамеша миёни муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои гуногун барои дарёфти ҷойи кор ва шароити беҳтар ҳамеша муқовимати ҷиддӣ мавҷуд аст. Бинобар ин, то дақиқ намудани ин қазия, мо аз шарҳи он худдорӣ мекунем», – иброз дошт М.Эгамзод.

Ёдрас мекунем, ки дар

ҳодисаи қатли

як соҳибкори 53-сола Владимир Фукалов ва ёвари ӯ Дмитрий Болшаков дар кишвари Хабаровски Русия шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. 

spot_imgspot_img

Популярное